38. Ва ба таври ҷиддӣ ба Аллоҳ қасам хӯрданд, ки Аллоҳ мурдаро рӯзи қиёмат
аз нав зинда намекунад, аммо Аллоҳ ин қасамҳои онҳоро дурӯғ бароварда мегӯяд: Оре, ин ваъдаест (яъне дубора зинда кардани
Аллоҳ мурдагонро), ки бешубҳа, анҷом додани он бар ӯҳдаи Ӯст, вале бештари мардум аз сабаби ҷаҳлашон намедонанд ва мухолифати паёмбарон карда дучори куфр мешаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\571