43.   Ва нафиристодем пеш аз ту эй Расул, магар паёмбаронеро, ки ваҳй фиристодем ба сӯяшон аз мардони башарият буданд на фариштагон. Ва агар худ намедонед эй мушрикони Қурайш, пас аз уламои аҳли китоб бипурсед, ки оё паёмбарон башар буданд?(1)
____________________
1. Аз ин оят чунин қоида бар меояд, ки агар инсон чизеро аз масоили динӣ
Нафаҳмад бояд аз олимони собит қадам дар илм бипурсад. Тафсири Саъдӣ 1/441


الصفحة التالية
Icon