71. Аллоҳ рӯзии баъзе аз
шуморо аз баъзе дигар афзун кардааст.(1) Пас онон, ки ризқу рӯзиашон зиёд шуд, аз рӯзии худ ба зердастони хеш намедиҳанд, то ҳама дар ризқу рӯзӣ баробар шаванд, пас чӣ гуна барои Аллоҳ шариконеро муқаррар менамоянд, ки бо Аллоҳ баробар бошанд. Оё неъмати Аллоҳро инкор мекунанд, агар ба неъмати Аллоҳ иқрор мебуданд, ҳеҷгоҳ барои Ӯ шарик намеоварданд?(2)
____________________
1. Баъзе доро, баъзе камбағал, баъзе шоҳу баъзе гадо. 2. Тафсири Саъдӣ1\444