81.    Ва Аллоҳ барои шумо аз чизҳое, ки офаридааст мисли дарахтон ва дигар чизҳо, сояҳо падид овард. Ва дар кӯҳҳо бароятон ғорҳо сохт. Ва ҷомаҳо аз пахтаю пашм, ки шуморо аз гармӣ ва хунукӣ ҳифз мекунад ва либосҳое (зиреҳҳо), ки дар ҷанг нигаҳдори шумост. Аллоҳ неъматҳои худро инчунин бар шумо комил мекунад. Бошад ки таслими фармони Ӯ шавед ва дар ибодати Ӯ чизеро шарик наоред.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\270


الصفحة التالية
Icon