2. Ситоиш Аллоҳро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст. (Ҳамду сано бар Аллоҳи бузург ба сифатҳои камолаш, ва ба неъматҳои ошкору пинҳониаш, динӣ ва дунявиаш. Мазмуни ин оят ба амр далолат мекунад, то Ӯро бандагонаш ҳамд бигӯянд. Танҳо Ӯ сазовори ибодат аст, зеро Ӯ офаридагори халқ, қоим ба умури онҳо; бо неъматҳояш тарбиятгари ҷамиъи халқаш аст; ва тарбиятгари дӯстонаш аст ба имон ва амали солеҳ.)