12.   Ва шабу рӯзро ду нишона қарор додем. Нишонаи шабро торикӣ гардонидем ва нишонаи рӯзро равшанӣ, то ба талаби ризқе, ки Парвардигоратон муқаррар доштааст, бархезед ва шумори солҳову ҳисобро бидонед. Агар Аллоҳ офтобу маҳтобро ба ҳоле, ки халқ карда буд мегузошт, шабро аз рӯз шинохта намешуд ва на вақти рӯза ва ҳаҷ дониста мешуд ва на вақти роҳату дамгирӣ ва мо ҳар чизро ба тафсил баён кардаем.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\81


الصفحة التالية
Icon