47.    Мо беҳтар медонем, мақсади бади он сардорони Қурайшро, ки чун ба ту гӯш медиҳанд, вақте ки - ту эй Муҳаммад - Қуръон мехонӣ ва ҳол он ки гӯш карданашон аз барои ҳидоят ёфтан ва қабули ҳақ нест, балки аз барои айбгӯйӣ аст ва медонем ҳангоме ки онҳо бо ҳам дар гӯши якдигар сӯҳбат мекунанд. Он замон, ки ситамкорон мегӯянд: «Шумо ба ҷуз марди ҷодукарда касеро пайравӣ намекунед».(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\97


الصفحة التالية
Icon