60.   Ва ба ёд ор эй Расул, он гоҳ ки туро гуфтем: Парвардигорат бар ҳамаи мардум огоҳии комил дорад ва он дидореро, ки дар шаби Меъроҷ барои ту муяссар кардем ва қиссаи дарахти малъун,(1) ки дар Қуръон омадааст, ба ҷуз озмойиш барои мардум чизи дигар набуд. Мо мардумро метарсонем, вале танҳо боз куфру саркашияшон афзуда мешавад.
____________________
1. Яъне, кофирон бинобар шунидани қиссаи Меъроҷ ва дарахти заққум, тасдиқ накарданд ва истеҳзову масхара мекарданд, ки дар дӯзах дарахт чӣ гуна мерӯяд. Тафсири Бағавӣ 5 \ 103


الصفحة التالية
Icon