17. Ва хуршедро мебинӣ, ки чун тулуъ мекунад, аз ҷониби рост ба ғор моил мешавад ва чун ғуруб мекунад, аз болояшон ба ҷониби чап мегузарад ва онҳо дар саҳнаи ғор бароҳат хобанд (яъне дар вақти тулуъ ва ғуруб онҳоро гармии офтоб азият намедод). Ва ин ҳама аз нишонаву муъҷизаҳои Аллоҳ аст. Ҳар киро Аллоҳ ҳидоят кунад, ҳидоят ёфтааст ва ҳар киро гумроҳ созад, ҳаргиз корсозу роҳнамое барои ӯ нахоҳӣ ёфт.


الصفحة التالية
Icon