22.    Баъзе аз аҳли китоб хоҳанд гуфт: «Се тан буданд ва чаҳорумашон сагашон буд» ва мегӯянд: «Панҷ тан буданд ва шашуминашон сагашон буд, ба хаёлу гумон ва ғоибона» ва мегӯянд: «Ҳафт тан буданд ва ҳаштуминашон сагашон буд». Бигӯ эй Расул:
«Парвардигори ман ба адади онҳо донотар аст ва шумори онҳоро ҷуз андак касони дигаре намедонанд». Ва ту дар бораи Асҳоби Каҳф бо аҳли китоб ҷуз ба зоҳир муҷодала макун ва касеро дар бораашон аз аҳли китоб мапурс.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ. 17/641.


الصفحة التالية
Icon