29.   Эй Паёмбар, ба он ғофилон бигӯ: «Ин сухани ҳақ аз ҷониби Парвардигори шумост. Ҳар кӣ бихоҳад, имон биёварад ва ҳар кӣ бихоҳад, кофир шавад».
Мо барои кофирон оташе
омода кардаем, ки он аз ҳар тараф онҳоро дар бар мегирад ва чун ба истиғоса (додхоҳӣ) об хоҳанд аз ташнагӣ, аз обе чун миси гудохта бихӯронандашон, ки аз ҳарораташ чеҳраҳо кабоб мешавад, чӣ оби баде ва чӣ оромгоҳи бадест!(1)
____________________
1. Дар ин оят ҳушдор ва ваиди сахтест барои аҳли куфр. Тафсири Табарӣ. 18/19.


الصفحة التالية
Icon