57.   Кист ситамгортар аз он, ки оёти Парвардигорашро барояш бихонанд, пас
ӯ баъди фаҳмидан рӯй гардонад ва корҳои баде, ки аз пеш карда, фаромӯш кунад? Ҳамоно Мо бар дили онҳо парда афкандем, то оёти Қуръонро нафаҳманд ва гӯшҳояшонро кар сохтем, то онро нашунаванд. Агар даъват кунӣ кофиронро ба сӯйи ҳидоят, ҳаргиз роҳ наёбанд.(1)
____________________
1. Ин оят барои касоне, ки аз ҳақ (Қуръон) рӯй мегардонанд, ҳушдоре аст. Тафсири Саъдӣ. 1/180.


الصفحة التالية
Icon