40. (Ба ёд ор) он гоҳ ки хоҳарат мерафт ва мегуфт: «Мехоҳед шуморо ба касе, ки нигаҳдорияш кунад, роҳ бинамоям?» Сипас Мо туро назди модарат бозгардонидем, баъд аз он ки дар дасти Фиръавн афтодӣ то чашмонаш равшан гардад ва ғам нахӯрад. Ва ту якеро аз марди қибтӣ ба хатогӣ бикуштӣ, пас Мо аз ғам озодат кардем ва борҳо - борҳо туро биёзмудем. Пас
чанд соле миёни мардуми Мадян зистӣ. Ва акнун, эй Мӯсо, дар ин ҳангом ки тақдир карда будем, омадаӣ.