3. Дар ҳоле ки дилҳояшон аз Қуръон дар ғафлатаст ва ба шаҳватҳои дунё машғул шудаанд. Ва он ситамкорони Қурайш сар ба гӯши якдигар ниҳоданду пинҳонӣ гуфтанд: «Оё ин мард ҷуз ин аст, ки инсоне монанди шумост?(1) Оё бо он ки ба чашми худ ҳақиқатро мебинед, ҳамчунон аз паи ҷоду меравед?»
____________________
1. Яъне, бо ин гуфтор мехостанд, ки мардумро аз имон овардан ба Муҳаммад саллаллоҳу адайҳи ва саллам боздоранд. Тафсири Ибни Касир. 5\332.


الصفحة التالية
Icon