24.    Оё ин мушрикон ғайр аз Ӯ (Аллоҳи барҳақ) маъбудоне гирифтаанд, ки на фоида меоранд ва на зарар ва на зинда мегардонанд ва намемиронанд? Бигӯ эй Паёмбар: «Ҳуҷҷати худ биёваред. Дар ин китоб сухани касонест, ки бо ман ҳастанд аз умматони ман ва сухани касоне, ки пеш аз ман будаанд аз умматони гузашта», балки бештарашон ҳақро намедонанд ва аз рӯи ҷаҳолат ва тақлид ширк меоранд, пас аз он рӯй мегардонанд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 5\337


الصفحة التالية
Icon