30. Оё кофирон намедонанд, ки осмонҳову замин фурӯ баста буданд, на борон аз осмон меборид ва на гиёҳ аз замин мерӯид, пас Мо онҳоро ба қудрати худ кушодем(1). Ва ҳар чизи зиндаеро аз об падид овардем? Чаро имон намеоваранд?(2)
____________________
1. Аз осмон боронро фурӯд овардем ва аз замин гиёҳро баровардем. 2. Тафсири Саъдӣ 1\522


الصفحة التالية
Icon