5. Эй мардум, агар дар шубҳа ҳастед аз рӯзе, ки Аллоҳ мурдаҳоро зинда мегардонад, Мо падари шуморо аз хок, сипас насли вайро аз нутфае, ки дар раҳми зан қарор мегирад, сипас аз лахтаи хуне,
ки он ба қудрати Аллоҳ баста мегардад, сипас аз порагӯшти шаклёфта, ки дар муддати муайян таваллуд мешавад ва гоҳ ношаклёфта, ки пеш аз муддати таваллуд, меафтад, биёфаридаем, то қудрати худро бароятон ошкор кунем. Ва то замоне муайян ҳар чиро хоҳем, дар раҳмҳо нигаҳ медорем, сипас аз батни модаратон шуморо кӯдаке берун меоварем. Сипас, шуморо тарбият мекунем, то ба ниҳояти ҷавонии худ бирасед. Баъзе
аз шумо мемиранд ва баъзе ба пирию фартутӣ бурда мешаванд, то он гоҳ ки ҳар чи омӯхтаанд, фаромӯш кунанд. Ва ту заминро хушкшуда мебинӣ. Чун борон бар он бифиристем, дар ҷунбиш ояд ва сабзиш ёбад ва аз ҳар навъ гиёҳи зебо ва хуррам бирӯёнад.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\367