11. Ва аз миёни мардум касест, ки ислом овардааст, вале дар қалбаш имон дохил нашудааст Аллоҳро бо шубҳа мепарастад. Агар хайре ба ӯ расад, дилаш ба он хайр ором гираду мутмаин шавад ва дар ибодати Аллоҳ бардавом истад ва агар озмоише (балое) пеш ояд, рӯй бартобад. Дар дунёву охират зиён бинад ва он зиёни ошкору равшан аст.