30.    Ин аст ҳукми Аллоҳ дар он чи гузашт ва ҳар кас шаъоири (1) Аллоҳро бузург шуморад, пас ин дар назди Парвардигораш барояш беҳтар аст. Ва чорпоён бар шумо ҳалоланд, магар онҳое, ки бароятон хонда шуд: аз моли худмурда, хун ва дигар чизҳои ҳаромшуда. Пас аз палидиҳое, ки баъзе аз онҳо бутҳо ҳастанд, дурӣ кунед ва аз сухани ботилу дурӯғ низ парҳез кунед.
____________________
1. Ибодатҳо ва қурбониҳо ҳангоми адои ҳаҷ.


الصفحة التالية
Icon