36.    Шутурони қурбониро барои шумо аз шаъоири Аллоҳ қарор додем, то ба он ба сӯи Аллоҳ наздик шавед. Шуморо дар онҳо хайру баракатест; аз хӯрдан, садақа кардан ва савоб гирифтан. Пас ҳангоми қурбонӣ, дар ҳоле, ки бар пой истодаанд, номи Аллоҳро бар онҳо бихонед ва чун пахлӯяшон бар замин расид, аз гӯшти онҳо бихӯред ва фақирони боқаноат ва гадоёнро бихӯронед. Ин гуна Мо онҳоро барои шумо ром кардем. Бошад, ки шумо сипосгузорӣ кунед!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\538


الصفحة التالية
Icon