46. Оё қурайшиҳои беимон дар замин сайр намекунанд, то соҳиби дилҳое гарданд, ки ба василаи онҳо хирадмандона биандешанд, то ибрат бигиранд ва гӯшҳое, ки ба он бишнаванд, панд бигиранд? Бегумон чашмҳо нобино намегарданд, балки дилҳое, ки дар синаҳо ҷой доранд, аз дарк кардани ҳақ кӯр мешаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 5\391