52. Мо пеш аз ту ҳеҷ расул ё паёмбареро нафиристодаем, магар он ки чун ба хондани оёт машғул шуд, шайтон дар сухани ӯ чизе шубҳа меафканд. Ва он гоҳ Аллоҳ он чиро, ки шайтон афканда буд, аз байн мебарад, сипас оёти хешро устувор медорад ва Аллоҳ доно аст ба он чи ки шуд ва мешавад ва чизе
аз Ӯ пинҳон намемонад ва бо ҳикмат аст ҳар чизеро дар ҷояш қарор медиҳад!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\542