73.    Эй мардум, мисоле оварда шуд. Ба он гӯш диҳед. Касонеро, ки ба ҷои Аллоҳ маъбуди худ мехонед ва мадад металабед, агар ҳама ҷамъ шаванд, магасе (пашшае)-ро нахоҳанд офарид ва агар магасе чизе аз онҳо бирабояд, наметавонанд онро аз ӯ боз пас бигиранд. Пас, толибу матлуб ҳарду (дармондаву) нотавонанд! Пас, бо ин қадар хорию нотавонӣ чӣ гуна ин бутҳоро парастиш карда мешавад?(1)
____________________
1. Тафсири Табрӣ 18\686


الصفحة التالية
Icon