44. Сипас пай дар пай паёмбарони худро фиристодем. Ҳар бор, ки паёмбаре ба умматаш омад, дурӯғгӯяш бароварданд ва Мо низ онҳоро аз паси якдигар ба ҳалокат расонидем ва ахбори ононро мояи ибрати дигарон намудем. Насиби мардуме, ки имон намеоваранд ва паёмбаронро итоъат намекунанд дурӣ аз раҳмати Аллоҳ бод!