21.    Эй касоне, ки имон овардаед, пой ба ҷои пойи шайтон магузоред(1). Ва ҳар ки пой ба ҷои пойи шайтон гузорад, бидонад, ки ӯ ба фаҳшову мункар (корҳои бад) фармон медиҳад. Ва агар фазлу раҳмате, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ доштааст, намебуд, ҳеҷ як аз шумо аз гуноҳ пок намешуд. Лекин ҳароина, Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, покиза месозад. Ва Аллоҳ шунавою доност!
____________________
1. Яъне, бо роҳҳои шайтон. Тафсири Саъдӣ 1/563


الصفحة التالية
Icon