35.    Аллоҳ нури осмонҳову замин аст. Масали нури Ӯ (Қуръон дар дили мӯъмин(1)) чун чароғдонест, ки дар
он чароғе бошад, он чароғ даруни шишае ва он шиша чун ситорае дурахшанда. Аз равғани дарахти пурбаракати зайтун, ки на шарқӣ аст (яъне, офтоб ба он дар охири рӯз бирасад) ва на ғарбӣ аст (яъне, офтоб ба он дар аввали рӯз мерасад, балки дар миёнаи замин аст). Равғанаш аз шафофиаш равшанӣ бахшад, ҳарчанд оташ ба он нарасида бошад. Нуре болои нур аст. Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба он нур (Қуръон) ҳидоят менамояд ва барои мардум масалҳо меоварад. Ва Аллоҳ таоло бар ҳама чиз доност!(2)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\568 2. Эзоҳ: Ҳосили ин масал, имон монанди нурест, ки ба дили поки мӯъмин дохил мешавад ва ӯро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Тафсири Саъдӣ 1/ 568


الصفحة التالية
Icon