62.   Ҳамоно мӯъминон касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳу паёмбараш имон овардаанд ва чун бо паёмбар дар коре якҷоя бошанд, то аз ӯ рухсат наталабидаанд, набояд бираванд. Онон, ки аз ту эй паёмбар, рухсат металабанд, ҳароина, касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳу Паёмбараш имон овардаанд. Пас, ҳангоме ки аз ту барои баъзе аз корҳояшон рухсат хостанд, бар ҳар як
аз онон, ки хоҳӣ, рухсат бидеҳ ва барояшон аз Аллоҳ омурзиш бихоҳ, ки ҳамоно Аллоҳ таоло бахшояндаву меҳрубон аст!


الصفحة التالية
Icon