7.Ӯ зотест, ки китобро бар ту нозил кард ва баъзе аз он оёт муҳкам ҳастанд, ки маъонии он возеҳ ва равшан аст ва онҳо асли китоб ҳастанд. Ва баъзе аз он муташобиҳот ҳастанд, ки эҳтимолан маъонии дигар ҳам доранд.
Ва аммо касоне, ки дар дилҳояшон майл ба суи ботил аст, барои фитнаангезӣ ва таъвили нодурусти он, аз паси муташобиҳот мераванд ва таъвили онро ҷуз Аллоҳ касе намедонад.
Ва собитқадамон дар илм мегуянд: "Ба ҳама оёти Қуръон имон овардем, ҳама аз ҷониби Парвардигори мост" ва ҷуз хирадмандон панд намепазиранд.