13.  Эй яҳудони саркаш, барои шумо дар ҷанги Бадр нишонаи бузурге буд дар рӯ ба рӯ шудани ду гурӯҳ, гурӯҳе дар роҳи Аллоҳ меҷангид (яъне, Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ёронашон) ва гурӯҳе дигар кофир буданд, ки муъминонро бо чашмони худ ду баробар медиданд ва инро Аллоҳ сабаби шикасти кофирон гардонид. Ва Аллоҳ бо ёрии худ ҳар касеро ки хоҳад ёрӣ медиҳад. Ҳамоно дар он барои фаросатмандон ибрати бузургест!(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 2/17


الصفحة التالية
Icon