20.    Агар бо ту эй Расул, ахли китоб дар бораи тавҳид(1) ба муноқиша бархезанд, ба онҳо бигӯ: «Ман ибодати худро холис аз барои Аллоҳ мекунам ва касеро дар ибодаташ шарик намеорам ва низ пайравони ман холис Ӯро ибодат мекунанд ва барояш сар фурӯ меоранд.
Ба аҳли китоб ва мушрикони араб ва ғайрашон бигу: Агар шумо ҳам ба Аллоҳ худро таслим намудед, пас шумо бар роҳи мустақим ва ҳақ ҳастед ва агар рӯй гардонед, ҳисоби шумо бар Аллоҳ аст. Ва вазифаи ман танҳо пайғом расонидан асту бас. Аллоҳ ба бандагон биност ва ҳеҷ чизе аз Ӯ махфӣ намемонад(1).
____________________
1. Аллоҳро якка ягона ибодат кардан 2. Тафсири Бағавӣ 2/20


الصفحة التالية
Icon