26. Эй Расул, рӯ ба сӯи Парвардигорат кун бо дуъо ва бигӯ: Бор Илоҳо, Туӣ подшоҳи мулки дунёву охират! Ба ҳар кӣ бихоҳӣ, дар замин мулк (мол ва султон) медиҳӣ ва аз ҳар кӣ бихоҳӣ, мулк меситонӣ! Ҳар касро, ки бихоҳӣ, бо тоъатат дар дунё ва охират иззат медиҳӣ ва ҳар касро, ки бихоҳӣ, ба маъсият хорӣ медиҳӣ! Ҳамаи некиҳо ба дасти Туст ва Ту бар ҳар коре тавоноӣ!(1)
____________________
1. Дар ин оят исботи сифати дасти Аллоҳ зикр шудааст, ки лоиқ ба зоти худаш аст. Тафсири Бағавӣ 2\24