31. Эй Паёмбар бигу: Агар дӯстдори Аллоҳ бошед, пас пайравии ман кунед ва бо зоҳиру ботинатон ба ман имон оред, то Ӯ низ шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмӯрзад, ки омӯрзанда ва меҳрубон аст! (Ин оят чунин мефармояд, ки шахсоне, ки даъвои муҳаббати Аллоҳ мекунанд, вале аз амру наҳйи Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам пайравӣ намекунанд, пас ин гуна касон дар даъвои худ дурӯғгӯ ҳастанд.)