26. Ҳамоно Аллоҳ аз ҳақ шарм надорад, ки чизеро хотиррасон кунад, гарчанде кам ё зиёд бошад, ба монанди пашша ва болотар аз он, масал бизанад; аммо онҳое, ки имон овардаанд, медонанд, ки ин масал рост ва аз Парвардигорашон аст; ва аммо онҳое, ки кофиранд, масхара мекунанд ва
мегӯянд: "Аллоҳ ба он масал чӣ чиз хостааст?" Аллоҳ ба онҳо ҷавоб медиҳад, ки мурод аз ин имтиҳон аст. Байни мӯъмин ва кофирро ҷудо мекунад ва ба сабаби вай бисёреро гумроҳ мекунад ва ба сабаби вай бисёреро ҳидоят мекунад. Ва Аллоҳ касеро зулм намекунад ва касеро аз роҳи ҳақ боз намедорад, ба ҷуз фосиқоне (1) (бадкороне), ки аз тоъати Парвардигорашон хориҷ мешаванд.
____________________
1. Кофиру мунофиқ бе сабаб аз тоъати Парвардигорашон берун баромаданашон фосиқ номида шуданд. (Тафсири Табарӣ 1\409)