37. Пас Парвардигораш дуъояшро қабул кард ва он духтарро ба некӣ аз ӯ пазируфт ва ба тарзе писандида парваришаш дод ва Закариё алайҳиссаломро ба сарпарастии ӯ вобаста кард. Ва ҳар вақт, ки Закариё ба меҳроб назди ӯ мерафт, пеши ӯ хӯрданӣ меёфт.(1) Мегуфт: Эй Марям, инҳо барои ту аз куҷо мерасад? Марям мегуфт: Аз ҷониби Аллоҳ; зеро Ӯ ҳар касро, ки бихоҳад, аз бандагонаш беҳисоб рӯзӣ медиҳад.
____________________
1. Меваҳои тобистонаро дар зимистон ва меваҳои зимистонаро дар тобистон. Тафсири Ибни Касир 2\36