48.   Чун паёмбари ростгӯй (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҷониби Мо бар онон мабъус шуд, (кофирони Қурайш) гуфтанд: «Чаро он чӣ ба Мӯсо аз мӯъҷизаҳо дода шуд, ба ӯ дода нашудааст?» (Эй Расул, бигӯ барояшон:) Оё инҳо (яҳудиҳо) пеш аз ин ба он чӣ ба Мӯсо дода шуда буд, кофир нашуда буданд?
Ва гуфтанд, ки ин ҳарду (Тавроту Қуръон) ҷодуанд ва пуштибони якдигаранд ва гуфтанд: Мо ба ҳар кадоме аз онҳо имон намеоварем.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 6\212


الصفحة التالية
Icon