78.     ( Қорун дар ҷавоби насиҳати қавмаш гуфт:) «Ҳамоно он чӣ ба ман дода шудааст, аз ин ганҷҳо ба сабаби дониши ман буд». Оё Қорун надонистааст, ки ба таҳқиқ, Аллоҳ пеш аз ӯ наслҳоеро ҳалок карда, ки қувваташон аз ӯ афзунтар ва шумораашон бештар будааст? Ва ин гунаҳкоронро, ки гуноҳашон муайян аст, аз гуноҳашон намепурсанд, балки ҳолати онҳоро медонад ва онҳоро азоб медиҳад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\623


الصفحة التالية
Icon