8.        Ва инсонро фармон додем, ки ба падару модари худ некӣ кунад. Ва агар он ду бикӯшанд, ки ба ту чизеро, ки ба он огоҳ нестӣ, шарики Ман қарор диҳӣ, итоаташон макун(1). Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст, пас, он гоҳ шуморо ба ҳақиқати корҳое, ки мекардед, ҳатман хабар медиҳам!(2)
____________________
1. Яъне, тоати махлуқро ба ҷо оварда намешавад, вақте ки дар маъсияти Аллоҳ бошад. 2. Тафсири Саъдӣ 1\627


الصفحة التالية
Icon