17. Ҳароина, шумо эй қавм, ғайри Аллоҳи якто бутонеро мепарастед ва дурӯғҳои бузург мебофед. Онҳоеро, ки ғайри Аллоҳи якто мепарастед, бешак, наметавонанд шуморо рӯзӣ диҳанд. Аз Аллоҳи якто рӯзӣ биҷӯед ва Ӯро ибодат кунед ва сипос гӯед, зеро ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед, пас ҳар якеро бар амали кардаи худ ҷазои муносиб медиҳад.