24. Ҷавоби қавми Иброҳим алайҳиссалом ин буд, ки гуфтанд: Бикушед ӯро ё бо оташ ӯро бисӯзонед. Пас, ӯро дар оташ афканданд ва Аллоҳ ӯро аз оташ бираҳонид. Ва бешак, дар наҷот додани Мо Иброҳимро аз оташ, барои қавме, ки имон меоваранд ва ба шариати Ӯ амал мекунанд, ибратҳоест.(1)
____________________
1. Яъне, дар қиссаи Иброҳим. Тафсири Саъдӣ 1/ 629