45.     Эй Паёмбар! Ҳар чиро аз ин китоби Қуръон бар ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Ва намозро бо аркону шартҳояш бигзор, ки ҳароина, муҳофизат кардан бар намоз одамиро аз фаҳшову мункар бозмедорад ва дилаш мунаввар мешавад ва имонаш зиёд мегардад ва зикри Аллоҳ дар намоз ва ғайри намоз бузургтар ва афзалтар аст ва Аллоҳ ба корҳое, ки аз неку бад мекунед, огоҳ аст!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\632


الصفحة التالية
Icon