9.       Оё ин кофирони аз охират бехабар дар замин нагаштаанд, то бингаранд, ки оқибати касоне, ки пеш аз онҳо буданд(1), чӣ гуна будааст? Онҳо дар ҷисм басе нерумандтар аз онҳо буданд(2) ва заминро шудгор карданд ва дар он зироатҳо коштанд ва беш аз он чи инҳо (аҳли Макка) ободаш кардаанд,
онро обод сохтаанд, вале иморатҳои онҳо ва умри дарозашон ба онҳо фоидае накард. Ва паёмбаронашон бо мӯъҷизаҳо ба сӯяшон омаданд, вале бо вуҷуди ин, онҳо имон наёварданд, пас Аллоҳ бар онҳо ситам накардааст, балки онҳо бо ширку маъсияти худ дар ҳаққи хеш ситам мекарданд.(3)
____________________
1. Монанди Оду Самуд, ки фиристодагони Аллоҳро дуруғ бароварданд. 2. Аз кофирони Макка. 3. Тафсири Бағавӣ 6\263


الصفحة التالية
Icon