21. Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургии Ӯ ва камоли қудраташ он аст, ки бароятон аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то бо онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дӯстиву меҳрубонӣ ниҳод. Албатта, дар ин офариниш ибратҳоест далолаткунанда бар қудрати Аллоҳ ва ягонагии Ӯ барои мардуме, ки меандешанд.