31. Ба сӯи Аллоҳ бо тавба ва ихлосу амал бозгардед ва аз Ӯ битарсед бо анҷом додани амрҳояш ва дур будан аз нофармониҳояш ва намозро бо аркон, воҷибот ва шартҳояш барпо доред ва аз гурӯҳи мушрикон мабошед, ки барои Ӯ шарик меоваранд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\100