47.   Ба ба ростӣ, эй Расул, пеш аз ту паёмбаронеро ба сӯи қавмашон ба унвони башоратдиҳанда ва бимдиҳанда фиристодем. Онҳо бо мӯъҷизаҳо ва далелҳои равшани худ
наздашон омаданд. Пас, Мо аз касоне, ки гуноҳ карданд, интиқом гирифтем ва ҳалокашон сохтем ва ёрӣ додани мӯъминон бар ӯҳдаи Мо буд. Инчунин мекунем бо такзибкунандагони ту(1), модоме, ки бар дурӯғашон пойдор бошанд ва имон наоранд.(2)
____________________
1. Яъне, касоне, ки рисолати туро дуруғ мебароранд. 2. Тафсири Табарӣ 20\113


الصفحة التالية
Icon