54.   (Касоне, ки аз бани Исроил кофир шуданд ба Исо алайҳиссалом) макр карданд, (1) (яъне шахсеро барои куштани Исо вакил карданд. Пас Аллоҳи мутаъол мардеро ба Исо монанд кард ва ӯро дастгир карда кушта ва ба дор овехтанд ба гумоне, ки гӯё ӯ Исо ҳаст.) Вале макри Аллоҳ беҳтар аст аз он макркунандагон. (Ва дар ин оят исботи сифати макри Аллоҳ зикр шудааст, ки лоиқ ба бузургӣ ва камоли Ӯ мебошад; Макри Аллоҳ макри ҳақ аст дар муқобили макри бандагон.)
____________________
1. Нақшае кашиданд


الصفحة التالية
Icon