25. Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст?» Ҳатман, мегӯянд: «Аллоҳ». Бигӯ эй Расули ман: «Ҳамаи ҳамду ситоиш хос барои Аллоҳ аст!» Вале бештари он мушрикон намедонанд ва андеша ҳам намекунанд, ки танҳо Аллоҳи барҳақ сазовори ҳамду ситоиш аст ва аз ин сабаб ба Аллоҳ шарик меоранд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\650