32. Ва чун мавҷҳои азим монанди абрҳо онҳоро пӯшонад, пас мушрикон Аллоҳро аз рӯи ихлос мехонанд ва ибодатро хоси Ӯ медонанд. Ва чун наҷоташон диҳад ва ба хушкӣ барад, пас баъзе аз онҳо миёнарав ҳастанд(1) ва баъзеяшон кофир. Ва ғайр аз хиёнаткорон (нобакорон) оёти Моро ҳеҷ каси дигар инкор намекунанд.
____________________
1. Яъне, ба сурати комил шукри Аллоҳро ба ҷо намеоранд.