20. Ва аммо касоне, ки фосиқ буданд, онон ки аз тоати Аллоҳ берун омаданд ва корҳои гуноҳ карданд, манзилгоҳашон оташи дӯзах аст. Ҳар гоҳ бихоҳанд, ки аз он берун оянд, бори дигар онҳоро ба даруни оташ бозгардонанд ва ба онҳо бигӯянд: Бичашед азоби оташеро, ки дар дунё дурӯғаш мепиндоштед!