9. Эй касоне, ки имон овардед, аз неъмате, ки Аллоҳ ба шумо дар Мадина, дар ғазваи Хандақ додааст, ёд кунед, дар ҳангоме, ки лашкарҳо аз хориҷи Мадина ва яҳуду мунофиқон аз дохили Мадина бар сари шумо ҳуҷум карданд ва Мо бодро ва лашкарҳоеро, ки намедидед, бар сарашон фиристодем, то он ҷое, ки дегҳояшонро барканд ва хаймаҳояшонро сарнагун сохт, сипас дилҳояшонро тарс фаро гирифт ва Аллоҳ ба он чи мекардед, бино буд ва ҳеҷ чиз бар Ӯ пӯшида намемонад!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\659