34. Он чиро, ки дар хонаҳоятон аз оёти Аллоҳ (Қуръон) ва ҳикмат (ҳадисҳои расули Аллоҳ) тиловат мешавад, ёд кунед ва ба суннаташ амал кунед ва эҳтиромашро ба ҷо оред, ки неъмати Аллоҳ аст, ба шумо арзонӣ шудааст. Ҳароина, Аллоҳ дақиқу нозукбин аст, ки шуморо дар хонаҳое қарор додааст дар он оёти Аллоҳ ва суннати Расулаш хонда мешавад ва огоҳ аст, ки шуморо аз зумраи ҳамсарони расулаш ихтиёр кардааст!(1)
____________________
1. Тасири Табарӣ 20\268